Нашрияи Омӯзгор

Таълим бояд фарогир бошад

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 17        Шарҳ: 0

Омӯзиши якҷоя дар шаклҳои  гуногун амалӣ мешавад: дар ҷуфтҳо – се нафарӣ ва дар гурӯҳҳои хурд. Бартарии омӯзиши якҷоя дар чист? Омӯзиши якҷоя якчанд бартариро дарбар мегирад:

а) омӯзиши якҷоя корро фаъол гардонида, шумораи ҳар чӣ бештари хонандагонро ба дарс ҷалб мекунад;

б) имконият медиҳад, ки байни хонандагон мубодилаи ахбор сурат гирад;

в) ҳангоми дарс сифати дониши андӯхтаро беҳтар мегардонад;

г) синфро муттаҳид месозад;

ғ) ба рушди нуқтаи назари хонандагон мусоидат мекунад;

д) қобилияти эҷодкориро ривоҷ медиҳад, ба он мусоидат менамояд, ки хонанда донишҳои дар як вазъият омӯхтаашро дар вазъияти дигар истифода бурда тавонад.

Ба савол «Аз чӣ бояд оғоз кард ва чӣ тавр кори гурӯҳиро дар синфе, ки хонандагонаш маҳорати дар гурӯҳ кор карданро надоранд, ташкил кардан мумкин аст?» ҷавоб чунин шуда метавонад:

Аз «кор дар ҷуфтҳо» сар кунед, зеро он ба тартиби муқаррарии шумо, яъне ба тарзи гузоштани мизу курсӣ дигаргунӣ дароварданро талаб намекунад. Усулҳои гуногуне мавҷуданд, ки бо истифода аз онҳо хонандагон метавонанд ба якдигар барои мавзӯи навро аз худ кардан мадад кунанд.

Баъд аз чанд маротиба истифода намудани кори дунафарӣ омӯзгор метавонад ба ташкил намудани кор дар гурӯҳҳо гузарад. Ҳамин тариқ, омӯзиши гурӯҳӣ низ чанд бартарӣ дорад:

- маҳорати шунидани якдигар;

- аз мавқеи каси дигар назар кардан;

- устувории дӯстӣ дар синф;

- дигаршавии муносибат ба мактаб ва баланд шудани сатҳи дониш.

Гурӯҳҳо бояд аз шумораи ками хонандагон иборат бошанд. Дониш ҳар як узви гурӯҳ бояд ба таври фардӣ санҷида шавад. Мунтазам гузаронидани пурсишҳои интихобии шифоҳӣ хеле фоиданок аст. Кори тамоми гурӯҳҳоро мушоҳида намуда, саҳми ҳар як узви гурӯҳро дар иҷрои супориш қайд кардан зарур аст. Дар ҳар як гурӯҳ «назоратчӣ» интихоб кардан лозим аст.

Дар марҳилаҳои дарс омӯзгор метавонад аз усулҳои гуногун истифода барад.

Омӯзгор дар раванди таълим ҳамеша бо хонандагон роҳ нишон медиҳад ва талқин  мекунад, «дуруст фикр кунед ва баъд амал намоед». Кори гурӯҳӣ имкон медиҳад, ки фикрронии хонандагон рушд ёбад ва сатҳу сифати дониши хонандагон баланд гардад. Ҳамзамон, шогирдон ба ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала талқин карда шавад.

Ба хонанда барои дарёфти ҳақиқати воқеӣ дар ҷаҳони  пурҷӯшу хурӯш ёрӣ расонем, мустақилона фикр кардан, фаъолона амал намудан, қарор қабул кардан, ба зудӣ мутобиқ шудан ба шароити зудтағйирёбанда, ба худ бовар доштанро таълим бояд дод. Дар навбати худ ин гуна услуби зиндагӣ ба одам доро буданро ба баъзе сифатҳои муайян талаб мекунад:

- мустақилона соҳиб шудан ба донишҳои зарурӣ, моҳирона истифода кардани онҳо дар шароити гуногуни зиндагӣ;

- босаводона бо иттилоот кор кардан;

- мушкилоти пешомадаро дида тавонис-тан ва ҷустуҷӯ кардани роҳи ҳалли онҳо;

- ба тавлиди идеяҳои нав қодир будан;

- соҳиби маҳорати дар ҷамъият дар якҷоягӣ кор кардан гардидан.

Лайло САИДОВА,

омӯзгори математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш