Нашрияи Омӯзгор

Аз таърихи пайдоиши тӯби дастӣ

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 11        Шарҳ: 0

Бозии «Гандбол» соли 1898 дар омӯзишгоҳи Класофармийскии Дания пайдо шудааст. Дар он солҳо муаллими тарбияи ҷисмонии шаҳри Гардун Ҳалгир Нилсен буданд. Дар давлати Дания дарси тарбияи ҷисмонӣ  мебурд. Дар гурӯҳи духтарона вай оид ба тӯб дарс мегуфт, ки онро «хандбол», (ханд-даст ва бол-тӯб) меномиданд. Соли 1890 Конрад Ках дар Олмон бозии бо тӯб - «Рафбол» ва дар Кениксберг - бозӣ бо тӯб - намудҳои ҳаво доданро истифода бурдааст. Ҳамон солҳо чехҳо ин бозиро такмил дода, ҳамчун бозии халқӣ бо номи «Хизен» (ҳаво-додан-партофтан)-ро инкишоф додаанд. Баъди 6 сол то оғоз намудани Нилсен ва баъди 14 сол то ба чоп баровардани якумин китоби «Хандбол» дар Чехословакия қоидаи бозиро аз он истифода мекарданд, ки бе  ягон шубҳа ба бозии гандболи ҳозира шабоҳат дорад.  Бисёр давлатҳо ба бозии 11:11 (11 нафарӣ) мароқ доштанд, ки дар майдони аз масоҳати дарвоза 7,32 м паҳноӣ, 2,44 м баландӣ, нимдавраи 13 м иборатбуда истифода мекарданд.

Баъди соли 1961 Федератсияи тӯби дастӣ қарор қабул кард, ки бозии 11:11 нафарӣ ба 7:7 нафарӣ иваз карда шавад.

Субҳон Фозилов, омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш