Нашрияи Омӯзгор

Шукӯҳафзои ҳар сол аст варзиш!

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 15        Шарҳ: 0

Ба суолҳои рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров посух мегӯяд.

- Устоди муҳтарам, чун суҳбатамон перомуни варзишу варзишгарон сурат хоҳад гирифт, мехостам нахуст перомуни моҳияту аҳамияти варзиш ва умдатарин сифатҳои варзишгарон сухане чанд бигӯед.

- Агар гӯем, ки варзиши сутунмуҳраи ҳастии инсонҳост, муболиға нахоҳад буд. Варзиш таърихан дар ташаккули ҷомеаи фаъоли инсонӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодиву маънавии бани башар нақши меҳварӣ гузоштааст. Он омили зиндагии бошууронаву солим ва гарави устувориву пойдории зиндагии инсонҳост. Варзиш ба инсон рӯҳияи баланд, ҷисми неруманд, бовар ба хеш, фараҳмандиву саодатмандӣ эҳдо мекунад. Ҳар фарде, ки гаравиш бо варзиш дорад, зиндагидӯст аст, доираи васеи бинишу фаҳмиши хосаи ӯст. Гузашта аз ин, варзиш шаъну шараф, сарбаландию ифтихор аст. Варзишгар дар сафи фаъолтарин афроди ҷомеа мавқее устувор ва пешбар дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро таъмингари ҳаёти солиму фараҳбор, варзишгаронро муаррифгари миллату давлат ва афзунгари шаъну шарафи Ватан тавсиф бахшидаанд, ки ин, бешубҳа, комилтарину муъҷазтарин тавсиф ба варзишу варзишгарон аст.

- Ҳафтае қабл мо бо соли 2017 хайрухуш кардем. Одатан дар поёни ҳар сол дар бораи бурду бохти он сухан мегӯянд ва барои соли нав нақшаҳо таҳия мекунанд. Ҳамчун мутахассиси собиқадору огоҳманди соҳа ва сарвари яке аз муҳимтарин марказҳои варзишгарони кишвар мегуфтед, ки соли сипаригашта барои аҳли варзиши мамлакат чӣ соле буд.

- Соли 2017 барои Ватани маҳбуби мо соли мондагор, соли пур аз ҳодисаҳои нишотбахшу манфиатбор ва саршор аз созандагию бунёдкорӣ буд. Барои аҳли варзиши мамлакат низ он бобарор омад; чӣ қадар сабқату озмунҳои варзишӣ, чӣ қадар комёбиҳо, чӣ қадар рӯйдодҳои фараҳбахш! Умуман, шукӯҳу шаҳомат ва ҳусну таровати ҳар сол ба шарофати варзиш ва ҳаводиси марбут ба он афзун мегардад. Барҳақ гуфтаанд, ки:

Дурахши бахту иқбол аст

варзиш,

Шукӯҳафзои  ҳар сол аст

варзиш.

Бояд гуфт, ки комёбиҳои варзиш ва вуқӯи ҳодисаҳои зиёди варзишӣ дар соли 2017 ҳамбаста ба онанд, ки ин сол бо ташаббуси Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардид. Ҷавонӣ бо варзиш пайванди ҳамешагию ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки ҷавонони мамлакат ибтикори Сарвари кишварро бо қаноатмандию рӯҳбаландӣ пазируфта, бештар рӯй ба варзиш оварданд, фаъолияташон афзуд. Ба ибораи дигар, Соли ҷавонон ба ҳукми таърих гузашта бошад ҳам, аз ҷумла, ба туфайли ҳаводису комёбиҳои варзишиаш ҳамеша дар сафҳаи ёдҳо равшан хоҳад монд.

Охири моҳи декабри соли гузашта дар Кохи Наврӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ҷавонон ва варзишгарони беҳтарини кишвар баргузор гардид, ки як навъ ҳукми ҷамъбасти солро дар соҳаи варзиш дошт. Дар оғози ин маросим раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, соли 2017 - ро соли ҳодисаҳои фараҳбори варзишӣ ва комёбиҳои беназири ҷавонон номид. Иттилоъ дода шуд, ки дар Соли ҷавонон варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 425 медал ба даст оварданд: 121 тилло, 116 нуқра ва 188 биринҷӣ. Ба шарофати ин комёбиҳо парчами Тоҷикистон дар бисёри давлатҳои ҷаҳон боло бардошта шуду шарафу эътибори варзиши ҷумҳуриамон дар арсаи олам боз ҳам афзуд. Ифтихормандем, ки дар дастовардҳои варзишии ҷавонони мамлакат ҳиссаи варзишгарони донишкадаи мо низ чашмрас аст. Аксари варзишгарони муваффақи кишвар ё айни замон дар донишкадаи мо таҳсил доранд ё хатмкардаи он мебошанд. Мо чанде пеш дар таълимгоҳамон оид ба ҷамъбасти соли 2017 ҳамоиши васею тантанавие баргузор намуда, варзишгарони фаъолро бо ҷоизаҳо сарфароз намудем.

 - Лутфан ба таври мушаххас мегуфтед, ки мондагортарин ҳодисоти соли сипаригашта дар соҳаи варзиш кадомҳоянд.

-Ҷаҳонпаҳлавон гардидани донишҷӯи донишкадаи мо Беҳрӯз Хоҷазода, бешубҳа, мондагортарин ва сурурбахштарин ҳодисаи сол аст. Ин варзишгари фаъоли тоҷик пас аз 42 сол корномаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро такрор карда, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба самбо дастболо гардид. Барои Беҳрӯзи мо соли 2017 хеле ва хеле бобарор буд. Ӯ, ҳамчунин, дар Фестивали бозиҳои миллии ҷумҳурӣ ба пирӯзӣ расида, «Ҷоми пойтахт», ҷоизаи «Наврӯз-2017»-ро ба даст овард. Дар Чемпионати Осиё оид ба самбо ва дар Бозиҳои V осиёӣ соҳиби медали тилло шуд. Умедворем, ки Беҳрӯз боз дар чандин сабқати бонуфузи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ба пирӯзӣ хоҳад расид. Комёбиҳои варзишгарони номдорамон Дилшод Назаров, Бахтовар Ҳасанов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Ҷаҳон Қурбонов, Ҷамолиддин Абдуллоев, Набимуҳаммад Хоркашев, Акмалиддин Каримов… (хушбахтона, сафашон зиёд аст) соли 2017-ро шаҳомати хоса эҳдо намуданд. Дар ҳамин сол дастаи мунтахаби миллии занонаи футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ шомили раддабандии Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ (ФИФА) шуд, дастаи футболбозони «Истиқлол» бори дуюм сазовори медалҳои нуқраи Ҷоми AFK (Конфедератсияи футболи Осиё) гардид. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ (Туркманистон) маҳорати баланд нишон дода, дар маҷмӯъ 52 медал ба даст оварданд…

Корномаи варзишии соли 2017 бардавом аст ва боз як хусусияти барҷастаи ин сол он мебошад, ки дар кишварамон варзиш оммавияти бештар пайдо кард, варзишгоҳҳои зиёд бунёд ёфтанд, тарғиби варзиш тавсеа ёфт. Чунонки воситаҳои ахбори омма иттилоъ доданд, дар се марҳилаи фестивали бозиҳои миллии варзишӣ, ки соли гузашта дар тамоми манотиқи мамлакат баргузор гаштанд, дар маҷмӯъ 27 491 варзишгар ва 665 355 ҳаводори варзиш ширкат варзиданд. Ин рақамҳо нишондоди беҳтарин дар солҳои истиқлолиятанд ва бурҳони қотеанд оид ба оммавияти варзиш дар Ватани мо.

- Ба назари шумо, бештар кадом омилҳо ба рушди варзиш дар кишварамон мусоидат карданд?

- Ба назарам, ин омилҳо ба ҳамагон маълуманд. Нахустомил дар ин самт таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш ва ба варзишгарон мебошад. Сарвари кишвар мунтазам бо варзишгарон ва мураббиёни онҳо, бо собиқадорон мулоқоту вохӯриву суҳбатҳо меороянд, онҳоро рӯҳбаланду дастгирӣ месозанд. Бо дастури Президенти ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат толорҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳо бунёд ва муҷаҳҳаз карда шуданд. Бо ибтикори Сарвари давлатамон дастгирии варзишгарон, ҷоизабахшӣ ба варзишгарони муваффақ дар саросари ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти гуногун ҳукми анъанаро гирифт. Соли 2015 Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳамасола ба комёбтарин варзишгарон мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд. Соли гузашта маблағи умумии ин ҷоиза ба варзишгарони маъруф 653 750 сомониро ташкил дод. Чанде пеш аз ҷониби Сарвари кишвар ба варзишгароне, ки дар олимпиадаи Токио-2020 ширкат меварзанд, дар давраи омодагӣ (беш аз ду сол)  стипендияи махсус муқаррар карда шуд.

Омили дигари рушди варзиш худ комёбиҳои варзишгарони мо дар мусобиқоти ҷаҳонӣ мебошад. Масалан, ҳамагон шоҳиди онем, ки пас аз пирӯзии муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар олимпиадаи ҷаҳонӣ дар диёрамон сафи бонувони муштзан якбора чӣ қадар афзуд. Пайравони Дилшоду Комроншоҳ, Беҳрӯзу Бахтовар низ ҳамвора меафзояд.

Дар рушди варзиш воситаҳои ахбори омма нақши босазо доранд. Мақолаву гузориш, иттилову мусоҳибаҳое, ки дар нашрияҳои бонуфузу обруманди ҷумҳурӣ пайваста ба табъ мерасанд, низ дар рушди варзиш ҳиссагузорӣ менамоянд. Солҳои охир оид ба намудҳои варзиш ва корномаи варзишгарон як силсила китобҳои пурмазмуну мусаввар чоп шуданд, ки инъикосгари рушди варзиш дар кишваранд.

- Воқеан, хеле хуб, ки аз китобҳо ёдовар шудед. Мо огаҳӣ дорем, ки дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ номгӯи зиёди китобҳо оид ба бахшҳои варзиш ба нашр расидаанд.

-Табъу нашр яке аз ҷанбаъҳои муҳими фаъолият дар донишкадаи мост. То истиқлолият дар ҷумҳуриямон дар бахши варзиш китобҳо хеле кам ба нашр мерасиданд, китобҳои дарсӣ оид ба варзиш нашр намешуданд. Масалан, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин китобҳо умуман вуҷуд надоштанд. Ҳоло барои тамоми синфҳои ин таълимгоҳҳо китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп шудаанд, ки муаллифони онҳо асосан устодони донишкадаи моанд. Соли гузашта дар таълимгоҳи мо 30  силлабус, 25 барнома, 24 нақшаи корӣ мувофиқаи ба намудҳои варзиш таҳия ва чоп шуд. Хушнудам, ки «Фалсафаи варзиш» ном китобамро хонандагон хуш пазируфтанд. Ба ифтихори пирӯзии варзишгари номӣ Дилшод Назаров китоби устоди донишкада, рӯзноманигор М.Шамсиддинов бо унвони «Гурзи тиллоии Дилшод» ба нашр расид. Китоби устоди дигари донишкада, полковник И.Наимов «Омодагии дифои ҳарбӣ» дар ду ҷилд дар дасти чоп аст. Оид ба гимнастикаи бадеӣ, шиноварӣ, анатомияи варзиш китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ чоп шуданд. Олимони ҷавон Ҳ.Зувайдуллоев, Х.Зафаров, З.Наимов дар мавзӯъҳои сайёҳии кӯҳӣ ва равоншиносӣ дар варзиш китобҳои тозаэҷоди хешро ба чоп супориданд. Солҳои пешин низ дар донишкадаи мо оид ба варзиши китобҳои зиёде ба нашр расида буданд. Мо ба ҷанбаи миллии варзиш, эҳёи бозиҳои миллӣ, таърихи варзиши тоҷик, тарғиби варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ситоиши варзишгарони комёб, корбасти вожаҳои тоҷикӣ дар бахшҳои варзиш бештар таваҷҷуҳмандем ва қисми зиёди китобҳоямон ба ин мавзӯъҳо бахшида шудаанд. Ба забони тоҷикӣ чоп шудани силсилаи китобҳо оид ба варзиш, аз ҷумла, ғановатмандиву тавоноӣ ва таркиби луғавии васеи забони модариамонро собит месозад.

- Дар фарҷоми  суҳбатамон мехостем, ки мухтасаран аз мусобиқоте ёдовар шавед, ки соли гузашта дар дохили донишкада ба вуқӯъ пайвастанд.

-Варзиш бо мусобиқаҳо ҳамбастагии доимӣ дорад. Барои дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб омадан варзишгарони мо бояд нахуст дар сабқатҳои дохилӣ обутоб ёбанд, фаъолу дастболо бошанд. Соли гузашта чун солҳои пешин қариб ҳар рӯз дар донишкада аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо баргузор мегаштанд. Дар мусобиқаҳои варзишгарони донишкада оид ба самбо, гӯштии миллӣ, футболи хурд, волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз... хориҷ аз донишкада низ довталабон ширкат варзиданд. Мусобиқаҳои варзишие, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, солгарди Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президент баргузор карда шуданд, шукӯҳи бештаре доштанд. Воқеан, дар мо солҳои охир ба рушди намудҳои милли варзиш чун чавгонбозӣ, нард, бандкашӣ, шоҳмот... таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Мо тамоми қобилияту истеъдод ва ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона мекунем, ки варзиш дар кишвари маҳбубамон ҳамеша ҷойгоҳи шоистаи худро дошта бошад ва дар афзудани шаъну шараф ва мақому мартабаи ҷумҳуриамон дар арсаи байналхалқӣ пайваста ҳиссагузорӣ намояд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш