Нашрияи Омӯзгор

Сухан аз мушкилот

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 20        Шарҳ: 0

Дар  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Раиси Шӯрои директорони  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ Шаҳло Ашӯриён   таъкид кард, ки  ҳоло ҳам  дар самти муассисаҳои таълимоти миёнаи касбӣ камбудиҳо  ҷой доранд. Аз ҷумла, раванди  гузаштан ба низомии кредитии таҳсилот  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. То охири соли таҳсили 2017 – 2018 бояд тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин шакли таълим гузаранд.  

Директори коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Латофат  Одинаева дар масъалаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои рушди муассисаҳои таълим (дар асоси таҷрибаи коллеҷи номбурда) ҳарф зад. Вай гуфт, зарурати ташкили  курсҳои  кӯтоҳмуддат  дар  Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид шуд. Раҳбари  давлат  изҳор  доштанд, ки : « … касбомӯзии калонсолонро ба роҳ монда, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,  ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ марказҳои касбомӯзӣ ташкил карда шаванд». Чунин нишондод аз тарафи кормандони муассисаи мо хуш  пазируфта шуд. Аммо  мо як сол пеш аз ин ҳам курсҳои 1, 3, 6 – моҳаро  аз ҳисоби шахсони бешуғл ташкил карда будем. Онҳо оид ба асосҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯхтану пухтан, таҳияи маҳсулоти қаннодӣ ва монанди ин маълумот пайдо карда, соҳиби шаҳодатномаҳо гардиданд. Тӯли соли гузашта 46 нафар хатмкардаи курсҳои кӯтоҳмуддати мо  қарзҳои худро ба бонкҳо баргардонданд. Қисми дигарашон аз ҳисоби даромадҳояшон  нуқтаҳои савдо кушода, маҳсулоти  худро ба фурӯш  бароварданд.

Оид ба масъалаи  низоми  таҳсилоти  кредитӣ дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ директори коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфоваи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Сафаралӣ Бобозода маълумот дод. Қайд гардид, ки чунин раванд -  гузаштан ба шакли низоми кредитӣ на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ гардидааст. Ин низом самаровар буда, малакаю донишро афзуда,  азхуд кардани барномаҳои таълимиро аз ҷониби хонандагон метезонад.

Яъне  низоми кредитӣ болоравии донишро  муайян намуда, шогирду устод ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва ҷаҳду талошанд.

Вобаста  ба масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020 мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фаридун Раҳимзода, доир ба мушкилоти курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии компютер ва дигар воситаҳои техникӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия Киромиддин Назаров  андешаронӣ карданд.

Нақшаи кори Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои соли 2018 ва фаъолияти кори Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муҳокима ва тасдиқ гардид.

Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Одиназода  Бозоралӣ Неъмат ва сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ,  сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карданд. 

Дар охир барномаи фарҳангии  донишҷӯёни  коллеҷҳои санъати ба номи А. Бобоқулов  ва коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе ба иштирокдорони ҷаласа пешкаш гардид.

Ҳотами Ҳомид,

«Омӯзгор»   

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш