Нашрияи Омӯзгор

Агар китобро дӯст дорем…

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

Завқу шавқи мутолиаи китобҳои бадеиро шурӯъ аз синфҳои поёнӣ бояд дар дили хонандаи мактаб бедор ва парвариш намуд. Нахуст ба хонандагон  дар синфҳои  1 – 4 фаҳмондан лозим аст, ки ҳадаф аз мутолиаи китоб чист? Чаро шахс бояд ину он асари бадеиро мутолиа кунад? Посухи ин суол он аст, ки мутолиа бо мақсади шинос гардидани хонанда бо мазмуну муҳтавои китоб ва дарку фаҳм намудани мақсади нависанда ё шоир аз таълифи асари бадеӣ маҳсуб меёбад. Китобро метавон дар хона бо овози паст ва ё хомӯшона мутолиа кард. Мусаллам аст, ки дилхоҳ асари пурмазмуну шавқовари хонданиро аз китобхонаи мактаб метавон дастрас ва мутолиа кард. Барои ин зарур аст, ки китобро интихоб намоӣ. Дар ин кор ба хонанда омӯзгор мадад расонда метавонанд. Маҳз муаллим беҳтарин осори бадеии адибони маъруфу шинохтаро ба шогирдони худ огоҳмандона баҳри мутолиа ва омӯзиш тавсия ва пешниҳод карда метавонад. Шавқу завқи китобхониро мутолиаи беҳтарин асарҳои бадеӣ дар ниҳоди хонанда тарбия мекунад. Ба андешаи мо, барои ин кор беҳ мебуд дар синфҳои поёнӣ афсонаҳои халқӣ ва китобиро, ки навъи дуюмро адибон таълиф менамоянд, баҳри мутолиа пешниҳод намуд. Муҳтавою ғояи афсонаҳо хеле аҷибу рағбатовар буда, дар он муболиға ва тахайюли рангини қаҳрамонҳо ҷойи асосиро ишғол мекунанд. Таъкид бояд кард, ки асарҳои баландмазмун аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ доранд. Китобро бояд дӯст дошту эҳтиёт кард.

Асарҳои манзум низ дар тарбияи завқи зебоипарастии хонандагон нақши муассир доранд. Устодони бузурги адабиёти тоҷик силсилашеъру достонҳои бачагонаеро офариданд, ки бо мазмуни волои худ дили хонандаро тасхир мекард. Муқаддимтар аз ҳама, асари бадеӣ ҷаҳонбинию фаҳмиши хонандаи мактабро васеъ намуда, баҳри донишомӯзии ӯ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин бобат, ба хонанда фаҳмондан лозим аст, ки на танҳо мутолиаи ҳикоя, афсона муҳим аст, балки он китобҳое, ки маводи фаровони амалӣ ва маълумоти нодир медиҳанд, агар уҳдабароёна хонда шаванд, хеле муфиданд.

Салима Ҳасанова,

омӯзгори мактаби №8,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш