Нашрияи Омӯзгор

Як ҷавонмарду чил ҳунар

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 24        Шарҳ: 0

Бахусус, таълими ҳунарҳои мардумӣ ва дар дили насли наврас ҷо намудани меҳри касбу кори гуногун кори осон нест. Рақобати таҷҳизоту технологияи нав бо ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пуршиддат буд, вале яке натавонист ҷойи дигареро комилан бигираду иваз намояд. Имрӯз бозори косаву табақи чӯбин, маҳсулоти сафолин, дару тирезаҳои пурнақшунигор, корду гулмех, сӯзаниву куртаи чакан, нон, қуроқ ва ғайраҳо авҷ дорад. Пас, диққати шогирдони мактабро дар дарси технология  чӣ гуна метавон ба ин касбу кор ҷалб намуд?

Нахуст омӯзгор ба шогирд бояд фаҳмонад: ҳунарҳои мардумӣ кори эҷодианд, мисли эҷоди шеъру ҳикоя, суруду мусиқӣ. Ягон ҳунарманд ба ҳунарманди дигар монанд нест ва маҳсулоти ӯ такрору нусхабардории маҳсулоти дигарон намебошад, балки ду ашёи сохтаи як усто гуногунанд. Маҳз аз ин сабаб онҳо диққатҷалбкунанда ва нодир мебошанд.

Ҷанбаи эҷодии ҳунарҳои мардумиро ошкору исбот кардан ва ба шогирдон нишон додан аз худи омӯзгор маҳорати баланд тақозо менамояд, вагарна ин чиз ба зеҳну андешаи бачаҳо ҷо намегирад. Мо худ борҳо шоҳид шудаем, ки нақшу нигори кунҷу канори хона, ё атрофи дару тирезаҳо бино бар қолабрезӣ шуданашон диққати меҳмононон, ё тамошобинонро махсус ба худ ҷалб намекунад. Мардум бештар он ашёро бодиққат тамошо мекунанд, ки усто рӯзҳо  заҳмат кашида тайёр кардааст. Метавон гуфт, ки дар маҳсулоти тавассути заҳмати дасти усто истеҳсолшуда меҳру муҳаббати ҳунарманд ҷо мегирад ва онро пурнур менамояд. Вагарна чаро меҳмони хориҷӣ дар суроғи дӯкону мағозаҳое меравад, ки маҳсулоти ҳунармандони мардумиро мефурӯшанд?! Ҳамчунин, чаро ба меҳмонони кишвари худ бештар он ашёро тӯҳфа месупорем, ки нури чашму неруи ангушти устоҳо сарф шудаанд? Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар меҳмони ҷопонӣ куртаи чакану сӯзании зани ҳунарманди тоҷикро дида, ангушти ҳайрат мегазад ва мехоҳад онро гирифта, чун ёдгор ба кишвари худ бубарад. Маҳсулоти қолабрезшудаи корхонаву фабрикаҳо чунин нозук нестанд.

Албатта, ҳунарҳои мардумиро ба занонаву мардона ҷудо мекунанд, ҳарчанд барои бисёр ҳунармандон ин тафовут аҳамият надорад. Духтарон дар дарси таълими меҳнат бештар ба даст сӯзану ресмон гирифтан мехоҳанд, писарон баръакс, ба касбу коре таваҷҷуҳ мекунанд, ки зӯру бозу мехоҳад. Аммо дар ҳар ду маврид ҳам истеъдод доштани ҳунарманд ва эҷодкор будани ӯ муҳимтар аст.

Иштироки аҳли ҳунар дар дарсҳои таълими меҳнат, ё дар хонаву дӯкони ину он косиб баргузор гардидани дарс аз аҳамият холӣ нест. Вале муҳимтар аз ҳама бояд дар хотир дошт: шарт нест, ки шогирдони мактаби мо фардо маҳз кулол, дуредгар, оҳангар, нонвой, дӯзанда, заргар ва ғайраҳо бошанд. Бигузор ин касбу кори дуюму сеюми эшон шавад. Чунонки мегӯянд, ҳусни зиёдатӣ шавад, охир «ба як мард чил ҳунар кам аст», ҳатто бигзор «хоббӣ» бошад. Мегӯянд, ки бисёр бузургони илму фарҳанг шуғли дигар низ доштанд: расм мекашиданд, шеър менавиштанд, аз чӯбу гил ҳар чиз месохатанд. Эйнштейн ғижжак менавохт, Микеланҷило шеър менавишт, Сиолковский дуредгарӣ ҳам мекард, Менделеев ҷомадон месохт…  Яъне мақсад аз таълими ҳунарҳои мардумӣ фақат интихоби касб нест, Ҳар кас метавонад омӯзгор, духтур, овозхон, муҳандис шавад, вале агар дар фурсати фориғ аз кор ба эҷоди дигар машғул гардад, зиндагӣ рангу таровати тозатар касб менамояд. Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо сабаби рӯзгузаронӣ, инчунин, боиси фароғату эҷод мешаванд, мояи ифтихору эътирофанд, мо меросу касби ниёгонро эҳё мекунем ва шуҳрат ҳам меёбем. 

 

Зумрад Шарифова,

омӯзгори фанни технологияи  мактаби рақами 60-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш