Нашрияи Омӯзгор

Дастгирии тарбиятгирандагон

Сана: 2018-04-16        Дида шуд: 11        Шарҳ: 0

Дар пайравӣ ба иқдомҳои неку созандаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Соли нави мелодӣ кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор рафта, ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Зимни суҳбат қайд гардид, ки мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дорои 62 тарбиятгирандаю омӯзгор ва корманд аст. Тарбиятгирандагон дар назди ҳозирин дар васфи Ватан, модар ва дӯстию рафоқат шеъру тарона суруданд.

Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор 202 тарбиятгиранда ҳастанд ва ба онҳо 44 омӯзгор ва 15 мураббӣ таълиму тарбия медиҳанд.

Шогирдони ин муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат пайваста ба онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки тамоми шароити таълиму тарбия барояшон муҳайё гардидааст.

Муовини вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ тамоми тарбиятгирандагони муассисаҳои зикршударо ба фарорасии Соли нави мелодӣ аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм табрик намуда, барояшон комёбиҳои бештарро орзу намуд. 

Эҳсони ХУШБАХТ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш